Боздиди Ҳомид Карзай аз НБО «Норак»
Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз зимни сафари хеш ба Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баъд аз боздид аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва шиносоӣ бо таърихи халқи тоҷик аз давраи санг то имрӯз, ба шаҳри Норак ташриф оварда, аз НБО «Норак» низ дидан намуд.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати меҳмонони афғонро мардуми шаҳри Норак бо гулдастаҳо ва шеърҳои ватандӯстона пешвоз гирифтанд.
Зимни сафар меҳмонон боздидро аз обанбори НБО «Норак» оғоз карда, баъдан ба маркази идоракунии он омаданд. Ҳайати меҳмононро масъулини неругоҳ бо таърихи ташаккул ва сохтмони он шинос намуда, дар бораи фаъолияти мунтазами неругоҳ маълумоти пурра доданд. Ҳомид Карзай, собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки ду рӯз боз дар Тоҷикистон меҳмон аст, дар китоби ёддоштҳои НБО «Норак» таассуроти худро баён кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






