Боздиди Сарвазири мамлакат аз ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 19.10. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор шинос шуд.
Маркази ноҳияи Ҳисор дар як муддати кӯтоҳ дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як шаҳраки наву замонавӣ табдил ёфта, дар ин давра дар мавзеъҳои алоҳидаи ноҳия шумораи зиёди иншооти гуногун қомат афрохтанд. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар маркази ноҳия ва маркази шаҳраку деҳоти он бунёду навсозӣ ва тармиму таҷдиди зиёда аз 400 иншооти роҳу нақлиётӣ, энергетика, фарҳангу маориф, варзиш, мачмӯи биноҳои наву замонавии истиқоматию фароғатӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, наздик ба сад адади он иншооти муҳими ҷашнӣ маҳсуб мешавад. Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз иншооти ҷашнӣ дидан карда, бевосита бо ҷараёни корҳои омодагӣ шинос шуданд ва барои истиқболи сазовори ҷашни таърихӣ, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъулро вазифадор намуданд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар маркази шаҳраки Ҳисор бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳисор баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Навсозии бинои бонк соли 2014-ум шуруъ гардида, барои хизматрасонии бонкии сатҳи олӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Бинои мазкур қаблан аз як ошёна иборат буда, шароити хизматрасонии сатҳи начандон хубро доро буд. Акнун баъди таъмиру навсозӣ бино ба сатҳи се ошёна расонида шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматрасонии бонкӣ таъмин гардидааст ва дорои утоқҳои барҳавою барои кор мувофиқ мебошад. Дар ноҳияи Ҳисор филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳия дар баробари анҷом додани амалиёти гуногуни бонкӣ, ҳамчунин ба зиёда аз 19 ҳазор нафақагир хизмат мерасонад. Аз беҳтар гардидани шароити хизматрасонӣ, қабули шаҳрвандон дар филиал ва дар маҷмӯъ, аз пешрафту шукуфоии Ҳисори бостон бо талошу дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат сокинони ноҳия, хусусан мардуми солманди он изҳори хушнудию сипос менамоянд.
Дар ҷаласаи сайёри кумитаи тадорукот ҷараёни омодагии маҷмӯии ноҳия ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, дар назди аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулон барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






