Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон

Октябрь 10, 2015 06:14

Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза  бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд 25-уми сентябри соли 2015 дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон: Курмишев Жаҳонгир Қувватович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи вилояти Боткент, деҳаи Чунтала ва Ниманов Канибек Қамчинбекович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи вилояти Боткент, деҳаи Китак дастгир шуданд.
Номбурдагон хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро соати 23:30-дақиқа ғайриқонунӣ убур намуда, дар дурии 1500 метр аз хати сарҳад қарор гирифта, дар ҳудуди деҳаи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон: Шербекова Дилафрӯз Тошпулотовна, соли таваллудаш 1991-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Шербекова Муслима Панҷиевна, соли таваллудаш 2015 ва Шербекова Адолат Тағойқуловна, соли  таваллудаш 1964, Шербекова Олмахон Сафаралиевна, соли таваллудаш 1988-ро бо ҳамроҳии фарзандонаш Шербеков Абдулло Асатуллоевич, соли таваллудаш 2011 ва Шербекова Хадича Асатуллоевна, соли таваллудаш 2014 ва сокини ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара Муминова Қумрӣ Аюбҷоновна, соли таваллудаш 1995-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Муминов Ҳадятулло Азимович, соли таваллудаш 2013 пешвоз гирифтаанд.
Онҳо мақсад доштанд, ки шаҳрвандони номбурдаро ғайриқонунӣ аз хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи шаҳри Бишкек ба Ҷумҳурии Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд.
Ин амали онҳо сари вақт аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ гардида, онҳо дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара боздошт шуданд. 
Нисбат ба шаҳрванони зикргардидаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3, 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад. 

 

Октябрь 10, 2015 06:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!