Боздошти занон барои хариду фурӯши ноболиғон
Душанбе, 07.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия се занеро дастгир карданд, ки ба хариду фурӯши тифлони навзод айбдор мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, рӯзи 6-уми октябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир шуд. Гумонбаршуда дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа ба зани 27-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст. Ҳамчунин дар ин рӯз зани 30-сола, сокини ноҳияи Бохтар низ бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир гардид, ки гумонбаршуда, 29-уми сентябри соли 2015 дар меҳмонхонаи мазкур ба ҳамин зани 27-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш занро ба маблағи 1500 сомонӣ фурӯхтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






