Бунёди Коллеҷи тиббӣ дар Рашт
Рашт, 03.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Рашт бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бинои сеошёнаи таълимии Коллеҷи тиббӣ ва бинои сеошёнаи хобгоҳи донишҷӯён ба наздикӣ ба истифода дода мешавад.
Бинои Коллеҷи тиббӣ барои таълими 700 донишҷӯ дар ду баст сохта шудааст. Ҳамчунин дар дохили бино ошхона, китобхона, қироатхона, маҷлисгоҳ ва озмоишгоҳ сохта шудааст.
Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт соли 1992 таъсис ёфта, имрӯз дар назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара ва Нурообод гурӯҳҳои мақсадноки зертобеаш фаъолият доранд. Дар муассисаи мазкур ва гурӯҳҳои мақсаднок ҳоло 825 ҷавон таҳсил менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 125 нафар зиёд аст ва ба таълими онҳо 107 омӯзгор машғуланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






