Бунёди корхонаи коркарди маҳсулоти доруворӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имсол ба маблағи кариб се миллион сомонӣ тавассути «Фонди дастгирии соҳибкорон» барномаҳои ҷадиди соҳибкорони ВМКБ дастгирӣ ёфтанд. Инҳо асосан коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки ҳам маҳсулоти хушсифат бароварда, ҳам тавассути фаъолияти онҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Имсол аз ин маблағҳои «Фонди дастгирии сохибкорон» коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, сехи дӯзандагиву бофандагӣ ва коргоҳи коркарди масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ, хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Ванҷ баҳравар гардиданд. Ин иқдом соли сеюм давом ёфта, ҳамчунин тавассути маблағҳои ин фонд дар шаҳри Хоруғ бунёди корхонаи коркарди маҳсулоти доруворӣ давом дорад. Дар се сол қариби 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби «Фонди дастгирии соҳибкорон» барои соҳибкории истеҳсолии ВМКБ ҷудо гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






