Чеварони Маркази савдои “Садбарг” тарафдори пероҳани тоҷиконаанд
Душанбе, 27.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Маркази савдои “Садбарг” бо мақсади пешгирии бегонапарастии занону ҷавондухтарон ва эҳтиром ба либосҳои миллии тоҷикӣ бо занони соҳибкор ва дӯзандаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба арзишҳои фарҳанги ниёгон, зебоии пероҳани тоҷикона ва арҷ гузоштан ба мероси миллати тоҷик сухан гуфтанд.
Дар вохӯрӣ дӯзанда Зарина Ашурова пешниҳод намуд, ки байни сехҳои дӯзандагӣ озмуни “Тарроҳи беҳтарин “ гузаронида шавад.
Аз ҷониби кормандони кумита пешниҳод гардид, ки дар толорҳои дӯзандагӣ гӯшаи “Намунаи либосҳои хушдӯхти занона” ташкил шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






