Чин ҷонибдори ҳалли сиёсии муноқишаи Сурия мебошад
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар баробари он ки 50 тайёраи ҷангии неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия бо истифода аз пойгоҳи ҳарбии худ дар ҳудуди Сурия зарбаҳои ҳавоиро ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамоно идома медиҳанд, сиёсатмадорони алоҳида ва кишварҳои гуногун ба ворид шудани Русия дар моҷарои мусаллаҳонаи Ховари Миёна вокуниши мухталиф нишон медиҳанд. Чунончӣ, собиқ котиби давлатии ИМА ва номзад ба мақоми президентии Амрико Ҳиллари Клинтон талаб кардааст, ки фазои Сурия минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон шавад. Дар ин бора «Associated Press» иттилоъ дода, суханони зерини Ҳиллари Клинтонро овардааст: «Ман шахсан барои он баромад мекунам, ки фазои Сурия минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон шавад, то ки парвозҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар фазои Сурия ва зарбазаниҳо қатъ шаванд».
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Чин, тибқи иттилои хабаргузории «Женмин жибао» изҳор кардааст, ки ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли дурусти қазияи Сурия бояд панҷ ҷанбаи муҳимро ба назар гиранд: мушкилот бо роҳи сиёсӣ ҳал карда шавад; ба мардуми Сурия имконият дода шавад, ки онҳо худашон ояндаи давлатро муайян кунанд; ҷараёни хоссаи сиёсӣбо иштироки мардум ва ҳукумати Сурия роҳандозӣ гардад; оштии умумимиллӣ ва муттаҳидӣ дар Сурия таъмин шавад ва ниҳоят ба мардуми Сурия ва сокинони атрофи он кумаки башардӯстона расонида шавад.
Хотиррасон мекунем, ки дар Ҷумҳурии арабии Сурия аз соли 2011 инҷониб мухолифатҳои бераҳмонаи мусаллаҳона идома дошта, дар зимни он гурӯҳи террористии ДИИШ як қисмате аз ҳудуди Сурияро таҳти тасарруфи худ дароварда, дар он қонунҳои ғайриинсонӣ ва ғайриисломиро ҷорӣ кардааст. Роҳбарияти ФР бо дархости ҳукумати Сурия барои мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии худро равона кард, ки онҳо дар давоми чанд рӯзи охир ба мавқеъҳои террористон ҳамлаҳои нишонрас мезананд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






