Чорабиниҳои «Созандагони Ватан» дар Бадахшон идома меёбанд
Душанбе, 20.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). -Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад.
Бо ин мақсад ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки дар доираи марҳилаи дуюми чорабиниҳои худ бо мақсади пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайриқонунии фаъолияташон мамнуъ силсилаи мулоқот ва семинарҳои омўзишии худро дар вилояти Бадахшон низ баргузор намояд.
Бо ин мақсад имрўз дар Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев мулоқоти роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо донишҷуёни ин макотиби олии кишвар баргузор карда шуд.
Зимни суҳбатҳо, ки дар руҳияи озоду созгор баргузор гардиданд, ба донишҷӯён оид ба ҳадафҳои шуми стратегии ҳизбу гурўҳҳои экстремистию террористӣ гуфта шуда, омилҳои таъсиррасон ба тафаккури ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз ин таъсирҳои манфӣ баён гардида, ҷавонон ба дўст доштани ватани маҳбуб, доштани нангу номус ва ғурури миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон ва дигар арзишҳои миллӣ даъват шуданд. Сипас байни ҷавонон ва роҳбарияти ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» суҳбату пурсиши ошкорою самимӣ ҷараён гирифт. Тасмим гирифта шудааст, ки чунин суҳбатҳо бо донишҷӯёни тамоми факултаҳои донишгоҳ имрўз ва фардо баргузор шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






