Чорабиниии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи нобиноён дар Душанбе
Душанбе, 16.102015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи нобиноён чорабинӣ таҳти унвони «Асои сафед» бо ибтикори филиали Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ доир шуд.
Иштирокдорон зикр карданд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон қишри ҷомеаро аз мадди назар дур намемонад, зеро дастгирии иҷтимоии тамоми табақаи ҷомеа самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад. Инчунин таъкид шуд, ки новобаста аз имкониятҳои маҳдуд онҳо барои ободии диёр саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, ки ин аз ватандӯсту ватанпарвар ва худшинос будани ин гуна ашхос дарак медиҳад. Дар чорабинии мазкур миёни иштирокдорон озмунҳои гуногун ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон туҳфаҳои Иттиҳодияи миллии нобиноён, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Консулгарии ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ва шахсони саховатманд тақдим шуданд.
Ёдрас мекунем, ки 15 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи нобиноён таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамасола ин рӯз бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ таҷлил мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






