Дар ҳамоиши сарони ИДМ 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳамоиши имрӯзаи сарони ИДМ барои ҳамаи давлатҳо пурсамар анҷом ёфт.Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо имзо кард»,- таъкид кард раиси кумитаи иҷроия -дабири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа 40 ҳуҷҷат ба имзо расонида шуд. Бино ба гуфтаи С. Лебедев Казоқистон раисиро бо муваффақият ба анҷом расонида, сарони давлатҳо ба хулоса омаданд, ки соли оянда, яъне соли 2016 раисиро ба уҳдаи Кирғизистон гузоранд.
«Қирғизистон доим хостори таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд ва хоҳад монд. Мо тарафдори рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳои узви ИДМ мебошем», — гуфт иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Қирғизистон Темир Сариев зимни сухангӯӣ дар мулоқоти сарони ИДМ 30 октябр дар шаҳри Душанбе.
Т. Сариев изҳори бовар намуд, ки натиҷаи мулоқоти сарони ИДМ заминаи хуб барои мубодилаи судманд дар масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳамкории минбаъдаи кишварҳои иштирокдор хоҳад гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






