Дар Душанбе Намоишгоҳи Agrofood-2015 доир мешавад
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Expo Central Asia 14 — 16 октябр дар Маҷмааи давлатии Коҳи Борбад — и шаҳри Душанбе намоишгоҳи сеюми байналмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии Agrofood-2015 доир мегардад.
Намоишгоҳ ба манзури фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фурӯши маҳсулот, пайдо намудани кормандони нави ихтисосӣ ва ба бозор баровардани амволи нав созмон дода мешавад.
Дар ин ҷо техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, тухмию ниҳол, технологияҳои обёрӣ, маҳсулоти боғдорию гулпарварӣ ва таҷҳизоти мухталиф, ҳамчунин маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, сабзавот, мева, консерв, нону кулча, маснуоти қаннодӣ, шарбатҳои гуногун ва таҷҳизоти таббохӣ низ ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Меҳмонони намоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияи коркарди маводи ғизоӣ, бастабандӣ ва таҷҳизоти он, ҳамчунин таҷҳизоти коркарди шир ошноӣ пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Expo Central Asia созмондиҳандаи бонуфузи намоишгоҳҳои байналмилалӣ буда, аз соли 2010 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






