Дар ноҳияи Восеъ ба забони давлатӣ арҷ гузошта шуд
Восеъ 5.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки забон пояи миллат ва рукни асосии давлат дониста шуда, эҳтироми он дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ зарур аст. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ мақому манзалати хосса ба худ касб намуда, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, гуфтугӯи байниҳамӣ бо забони давлатӣ сурат гирифт.
Соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар мавқеи асосӣ доранд, аз ин рӯ ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи октябр рӯзи муаллимон ҷашн гирифта мешавад. Бо дарки масъулиятшиносӣ ва пос доштани хизматҳои арзишманди омӯзгор дар чорабинӣ аз кору пайкори маорифчиёни ноҳия ёдоварӣ шуда, нақши ин қишри ҷомеаро дар пешрафти ҷомеа ба маврид ҳисобиданд.
Дар ҷамъомад барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ба як гурӯҳ устодону омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ тақдим шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






