Дар Панҷакент нашъаҷаллоби қаблан судшуда дастгир гардид
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ Ховар). — Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду сокини маҳаллӣ дастгир шуданд, ки аз онҳо як бастаи полиэтиленӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.
Мутобиқи хулосаи ташхис маводи мусодирашуда афюн мебошад.
Тавре ки тафтишоти пешакӣ нишон дод, яке аз дастгиршудагон қаблан барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст, аммо пас аз адо намудани ҷазо боз даст ба ҷиноят задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» оғоз гардидааст ва тафтиш давом дорад.
Боздоштшудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






