Дар Суғд барои беш аз 41 ҳазор хонанда мактабҳои нав бунёд шудааст
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). –Дар давоми 10 соли охир тавассути ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ дар вилояти Суғд барои беш аз 41 ҳазор хонанда мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо бо 924 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 995 нафар дар як баст сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 21 октябр иброз дошт.
Сарвари давлат аз пурра ҳал шудани масъалаи норасоии муассисаҳои таълимии вилояти Суғд бо омўзгорон изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки акнун мо бояд кўшиш кунем, омўзгорон мунтазам сатҳи касбии худро баланд бардоранд, аз курсҳои бозомўзӣ гузаранд ва таҷрибаи муосирро азхуд карда, дар ҷараёни таълим ҷорӣ созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






