Дар ҷумҳурӣ ҳосили меваву ангур фаровон аст
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар ).- Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 75 658 тонна мева ва 63 058 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8516 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳоро гузаронидаанд. То санаи 19- уми октяби сори ҷорӣ майдони 17893 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2223 гектар зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 213,6 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 сентнерӣ зиёд мебошад.
Ҳосили умумии полезиҳо то санаи зикршуда 382 ҳазору 131 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 ҳазору 900 тонна зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






