Дар вилояти Ҳилманд 40 силоҳбадасти «Толибон» кушта ш уд
Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»). Дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона дар канори маркази маъмурии вилояти Ҳилманди Афғонистон шаҳри Лашкаргоҳ қариб 40 нафар ҷангиёни «Толибон» кушта ва 20 нафарашон захмӣ шуданд.
Манбаъҳои расмӣ дар бораи ҳалокати ду нафар посдорони тартибот хабар дода, бисёр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол аз ҷумлаи бедаракшудагон дониста мешаванд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Тулӯъ».
Алҳол амалиёти ҳарбӣ дар канори шаҳри Лашкаргоҳ идома дошта, даҳҳо хонаводаҳои сокинони маҳаллӣ интизори хатм ёфтани задухӯрдҳо буда, имконияти баргаштан ба хонаҳояшонро надоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






