Дармонгоҳи марказии Ховалинг ба зимистонгузаронӣ омодааст
Ховалинг, 24.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо назардошти пешгӯии Маркази обуҳавошинии кишвар оид ба сард омадани зимистони солҳои 2015-2016 муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ховалинг бо маблағи буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар анборҳои хеш миқдори зарурии картошкаю пиёз, равғану сабзавот ва ҳезум захира намудаанд. Беморхонаи марказии ноҳия ба хатти озоди барқ пайваст мебошад ва новобаста ба ин маводи сӯхт нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд захира гардидааст. Ба иттилои Амирхон Валиев, муовини сардухтури беморхонаи ноҳияи Ховалинг кормандони дигар муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла дармонгоҳи марказӣ беш аз 60 куб ҳезум захира намуда, печу дигар таҷҳизоти заруриро омода сохтаанд. Дару тирезаҳои утоқҳо аз таъмир бароварда шуда, тирезаҳо шишабандӣ гардидаанд. Дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ низ ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагии хуб дида, миқдори зарурии ҳезуму дигар намуди сӯзишворӣ захира гардидааст. Ба иттилои кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ховалинг то имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ беш аз 220 куб ҳезум ва 200 литр сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои барқӣ захира шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






