«Дарёи муҳаббат»-озмун барои оилаҳои намунавӣ
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба эълон гардидани Соли 2015 ҳамчун соли оила бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд қариб, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни “Оилаи намунавии беҳтарини соли 2015” гузаронида шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд бахшида ба ин ҷашн дар маҳаллаҳои «Тути калон», «Чорчароғ», «Раззоқ», «Масҷиди Савр», «Қ.Қурбонов», “Ваҳдат”, “Суғдиён”, “Навбаҳор”, “Дӯстии халқҳо”, “Сари баландӣ” ва “Хуҷанд” бо иштироки оилаҳои намунавӣ озмуни «Дарёи муҳаббат»-ро доир намуд.
Баргузории озмуни мазкур дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд идома дорад. Ғолибони озмун ба даври вилоятии “Оилаи намунавии беҳтарини соли 2015” роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






