Дастгирии ИА дар самти татбиқи Кодекси тартиботи маъмурӣ
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар чорчўбаи ташаббуси Стратегияи волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Миёна, Донишкадаи Хадамоти давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-21 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо лоиҳаи «Волоияти Қонуни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Миёна» ва ташкилоти Олмонии Deutsche Gesellschaft fьr Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH машварати омўзиширо доир кард.
Кодекси Тоҷикистон дар бораи тартиботи маъмурӣ аз 5 марти соли 2007 тартиботи таҳия, қабул ва татбиқсозии амалҳои маъмурӣ, баррасии тавсияю шикоятҳои маъмурӣ ва амалҳои муштараки мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Илова бар ин, Кодекси мазкур тартиботи судии низоъҳоеро, ки ба муносибатҳои ҳуқуқии аз Кодекси мазкур бармеомада дахл доранд, ба танзим меорад.
Машварати дурўза барои 20 корманди расмии сатҳи баланди сохторҳои иҷроияи давлатӣ, ки Кодекси мазкурро дар доираи фаъолиятҳои маъмурии худ амалӣ менамоянд, равона гардида буд. Мақсади машварати мазкур баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш оид ба таксономия, систематика ва муқаррароти қонунгузорӣ оид ба тартиботи маъмурии Тоҷикистон буд. Он донишҳоро оид ба мазмуну мундариҷаи Кодекси мазкур мустаҳкам намуда, муқаррароти онро шарҳ медиҳад ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои татбиқи онро пешниҳод менамояд. Машварати мазкур сатҳи огоҳии иштирокдоронро дар бораи манфиатҳои яксонсозӣ ва муттаҳидсозии тартиботи умумии маъмурӣ баланд мебардорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






