Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Мавзӯи интихобкардаи конфронси байналмилалӣ талаботи замон буда, ҷабҳаҳои муосири тақозо барои гузаронидани таҳқиқоти илмиву амалиро дар бар мегирад. Дар таҳия ва татбиқи барномаву нақшаҳои бунёдӣ, баёни ҳодисаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ояндабинии амиқ намудан дар шароити лаппишҳои бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дақиқӣ ва ба ҳақиқат наздик буданро талаб менамоянд»,- зикр намуд ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ», ки имрӯз, 22 октябр дар «Кохи Наврӯз»-и Душанбе доир гашт.
Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки муассисаш Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мақсаду мароми худро дар «Стратегияи рушди донишкада барои то соли 2020» муайян намудааст, ки асоси онро ташаккули ҷабҳаҳои нави идора аз рӯи асосҳои муосир ва мукаммалгардонии низоми нави омодасозии мутахассиси бахши молия ва иқтисодиёт, ки дорои хислатҳои инноватсионӣ ва ояндабинӣ мебошад, ташкил медиҳад. Дар доираи ин Стратегия мақоми ояндаи донишкада мубаддалшавӣ ба маркази таҳқиқоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ояндабинии макроиқтисодиву моделсозии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин воситаҳои дастрасӣ ва ноилшавӣ ба мақсадҳои мазкур бо роҳи баланд бардоштани неруи кадриву илмӣ, устуворгардонии заминаи моддӣ- техникӣ, баландбардории нуфузи байналмилалӣ ва васеъ намудани доираи ҳамкории байналмилалӣ ба даст оварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ва Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо доир мегардад ва дар кори он олимону муҳаққиқон ва коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ иштирок доранд.
Дар конфронс муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёев, роҳбари Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо Мио Нюнт, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Русия) Сергей Дробишевский, мудири кафедраи информатикаи амалии Донишгоҳи иқтисодии Қазоқистон Лаура Байтенова ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар конфронс масъалаҳои моделсозии макроиқтисодии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, назари тоза ба ояндабинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили муқоисавии сиёсати монетарӣ ва фискалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани ин равандҳо дар заминаи моделсозӣ баррасӣ гардида, ҳамчунин аз рӯи бахшҳои алоҳида масъалаҳои мушаххаси пешгӯии хатарҳои молиявӣ, моделсозии тавозуни байнисоҳавӣ, дастгирии ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт, такмил додани муносибатҳои молию пулӣ, моделсозии равандҳои демографӣ ва истифодаи майли демографӣ дар танзими давлатии иқтисодиёт ва инчунин вобаста ба моделсозӣ рушди фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ муҳокима мегарданд.
Ҳадафи баргузории конфронси мазкур- ин муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон, ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёртарафаи байни ДМИТ ва Лоиҳаи аз тарафи намояндагии Иттиҳоди Аврупо молияшаванда дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ аст.
Пагоҳ, 23 октябр конфронс кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






