Давраи омӯзишии генералу адмиралҳои ИМА дар Тоҷикистон
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз имрӯз то 12 октябри соли равон сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иштирокдорони давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллии Вашингтонро дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон мизбонӣ мекунад.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, зимни сафари аъзои барномаи “КЭПСТОУН” дар Тоҷикистон онҳо бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар назар аст омӯзандагони барномаи мазкур аз Гӯшаи амрикоӣ дар Душанбе боздид намуда, бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик сари як мизи мудаввар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима намоянд.
Дар доираи сафари хеш генералҳои ИМА ба Тоҷикистон барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон аз осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисори асри 18 дидан хоҳанд кард.
Ёдрас месозем, ки Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъйин мебошад, ки соли 1982 таъсис ёфтааст. Ҳадафи омӯзиши мазкур аз баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиёти муштарак иборат аст. Сафари гурӯҳҳои иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” ба минтақаҳои гуногун барои дарки беҳтари масоиле, ки шарикони калидӣ дучор мешаванд ва барномаҳои таҳсилию имкониятҳои онҳо дар ноил шудан ба ин ҳадафҳо мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






