Дидори С.Аслов бо Александр Зуев

Октябрь 14, 2015 02:37

Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 13 октябр бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ, Саммити СММ оид ба рушди устувор ва чорабинии канории сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ 2015 таҳти унвони Ҷоннок намудан ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об, ки аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои СММ-ро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, муҳокима карданд.

 

Октябрь 14, 2015 02:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд