ДМТ: мулоқоти созанда бо донишҷӯён
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-14 октябри соли ҷорӣ масъулини Агентии назорати маводи нашъаовар, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои хориҷӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар атрофи бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳо суҳбати озод намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон перомуни дастовардҳои занону ҷавонон дар зарфи 24 соли истиқлолият ва дастгириҳои Сарвари давлат аз ин қишри ҷомеа сухан рафта, зикр шуд, ки имрӯз занону ҷавонони мо бо шарофати устувор гардидани рукнҳои сохти демокративу ҳуқуқбунёд дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намуда, дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат саҳми босазо доранд. Дар чорабинӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ба як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Дар назар аст, ки чунин мулоқоти судманд дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт то охири сол роҳандозӣ шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






