Доктор Ҷовид Иқбол аз дунё гузашт

Октябрь 5, 2015 03:40

Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Доктор Ҷовид Иқбол- писари шоир ва мутафаккири Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол рӯзи шанбе пас аз ранҷи бемории саратон дар шаҳри Лоҳур дар синни 92  аз дунё гузашт. Марҳум дӯсти Тоҷикистон буда, ҳамеша аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон, вохӯриаш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои Сарвари Тоҷикистон дар табъу нашри асарҳои  Аллома Иқбол, инчунин вобаста ба муҳаббат, эҳтирому эътироф ва қадрдонии халқи тоҷик нисбат ба шахсият ва осори пурбори ин суханвари нотакрор бо як ҳиссиёти хосса сухан мегуфт.Доктор Ҷовид Иқбол 5-уми моҳи октябри соли 1924 дар ш. Сиялкоти музофоти Панҷоб ба дунё омада, соли 1944 Коллеҷи давлатии Лоҳурро бо дипломи аъло ва медали тилло хатм намуд. Соли 1948 унвонии магистрии худро дар соҳаи забони англисӣ ва фалсафа ба даст оварда, дар 30- солагӣ унвони докториро дар Университети Кембриҷ ҳимоя намудааст. Соли 1956 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Lincolns Inn, London таҳсил намудааст. 
Ҷовид Иқбол баъдан ба кори ҳуқуқӣ машғул шуда, дар аввал ҳамчун адвокат ва аз моҳи марти соли 1982 то моҳи октябри соли 1986 ҳамчун раиси Суди воломақоми Лоҳур ва баъдан ҳамчун судяи калони Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Покистон хидмат намудааст. Баъдан ӯро ба узвияти Сенати Покистон интихоб намуданд. Ба қалами вай китоби машҳури «Ҷовиднома» ва асарҳои  дигари вобаста ба иделогияи Покистон тааллуқ доранд.
Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ва Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба аҳли хонадони Ҷовид Иқбол таъзияҳои худро баён намуданд. Дар изҳороти Сарвазир омадааст, ки: «Марги Ҷовид Иқбол барои Покистон талафоти бузург аст, зеро мо дар симои ин марди наҷиб  як шахсияти бомаърифат, ҳаким, ҳуқуқшиноси машҳур ва покистонии асилро гум кардем».
Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов ба аҳли хонадони марҳум Доктор Ҷовид Иқбол изҳори тасаллият намуд.

Октябрь 5, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд