Душанбегиҳо дар Рӯзи Конститутсия ба сайругашт мебароянд
Душанбе, 23.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Шаҳрдории Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ таҷлил намудани 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро тарҳрезӣ намудааст. Тибқи он дар рӯзи таҷлили Конститутсия -6 ноябр аз соати 9:00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт, назири Боғи устод Рӯдакӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав» сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардида, инчунин намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, ошомиданӣ ва қаннодӣ ташкил мешавад. Дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт дастаҳои ҳунарӣ, чун ансамблҳои «Сомон», «Лола» ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ, ансамблҳои «Гулшан», «Зебо» ва «Ҷаҳоноро» дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар боғи «Кӯли ҷавонон» ва дар майдони «800-солагии Маскав ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намуда, ба базмгоҳҳо шукӯҳи хосса хоҳанд бахшид.
Инчунин ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои фарҳангии пойтахт ташкили намоишгоҳи китоб ва чорабиниҳои мухталифи илмию фарҳангӣ бо иштироки сиёсатмадорон ва аҳли зиё гузаронида мешаванд.
Шаҳрдорӣ ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ба мактаб-интернатҳои пойтахт кумаки моддӣ расонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






