Дуздидани мошин аз ҷониби ду навҷавон
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки 13-уми октябри соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ду сокини шаҳри Душанбе, яке 18-сола, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дигарӣ 17-сола ҳамчун гумонбар дар рабуда шудани воситаи нақлиёт дастгир гардиданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо роҳи пинҳонӣ мошини шахсии тамғаи ВАЗ-21015-ро, ки ба сокини 31-солаи пойтахт тааллуқ дорад, аз назди бинои истиқоматӣ рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






