Фалак мусиқии мардумии тоҷикон аст

Октябрь 6, 2015 10:41

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг ва иттилоот дар шаҳри Душанбе бахшида ба  Рӯзи фалак таҳти унвони «Ҷойгоҳи фалак дар мусиқии тоҷик» мизи мудаввар барпо гардид. Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои «Фалак-мусиқии ҳирфаӣ ва мардумии тоҷик», «Фалак дар эҷодиёти Абдуфаттоҳ Одинаев», «Намудҳои лаҳнии фалак», «Фалак дар рақси занонаи халқии тоҷикон», «Фалак ва ороиши мусиқии асарҳои саҳнавии муосир», «Фалак дар эҷодиёти гурӯғлихонон» маърӯзаҳо намуда, зикр доштанд, ки жанри фалак ба миллати кӯҳистонии тоҷик хос аст.
Бино ба иттилои Абубакр Зубайдов, ҷонишини директори  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг санъати фалак мусиқии касбии мардумии тоҷик аст ва решаҳои он хеле қадимиянд. Як решаи фалак ба сурудҳои мардумии то ба годҳову яздҳои «Авасто»- китоби муқаддаси Зардушт ва решаи дуюмаш ба давраи сулолаи Сосониён мерасад, ки дар ин давра санъати мусиқӣ хеле рушд ёфта буд.
Ба гуфтаи мавсуф, ташаккули фалак  ба асрҳои 8 — 9 рост омада, дар асри 10 ба шакли имрӯзааш ташаккул ёфтааст. Мутаассифона,  ҳазорсолаҳост ин санъати мусиқӣ арзи ҳастӣ дораду ба мо ягон дастхат  ё баёзе аз он давраҳо омада нарасидааст. Вале фалак  ҳамчун санъати асили  мардумӣ аз ҳама буҳрону кашмакашҳои таърих гузашта, ба мо омада расидааст,-афзуд ӯ.

Октябрь 6, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд