«Фарҳангдӯст» ташаккулдиҳандаи фарҳанги маънавист
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аввалин маҳфили тарбиявии донишкадавии «Фарҳангдӯст» доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар маҳфил сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада Қутбиддин Муқимов сухан гуфта, ин ҳамоишро анъанаи некфарҷом ва таконбахши маърифати устодону доништалабон арзёбӣ кард.
Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Ғуломҷон Мирзоев дар мавзӯи «Назари фалсафӣ доир ба фарҳанг» маърӯза намуда, дар бораи ҳастӣ, офариниш, фарҳанг, ташаккули фарҳанги маънавӣ ибрози ақида карда, гуфт, ки дар илми фалсафа фарҳангро табиати дувум маънидод мекунанд. Агар дар маҷмӯъ ҳамаи корзори одамиятро таҳлил кунем, муайян мешавад, ки фарҳанг ифодакунандаи натиҷаҳои тамоми фаъолияти инсон аст. Фарҳанги маънавии инсони муосир аз тамоми қисматҳои донишҳои инсонӣ ба вуҷуд меояд, яъне ташаккули фарҳанги маънавӣ аз маҷмӯи тамоми донишҳои инсонӣ иборат аст. Меҳвари фарҳанги инсонӣ дониш ва хирад ба шумор меравад.
Ғуломҷон Мирзоев ба суолҳои сершумори толибилмон дар бораи шарҳи абёти классикӣ, ташаккули фарҳанги маънавӣ, китоби муқаддаси «Қуръон», ҳадисҳои набавӣ ва дигар мафҳумҳо посухҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили тарбиявии «Фарҳангдӯст» моҳе як маротиба доир гардида, масоили мубраму мароқангезро барои доираи васеи устодону толибилмон мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Шиори маҳфил: «Ташаккули фарҳанги маънавӣ шиори мост».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






