«Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» ба нашр расид
Душанбе, 06.10.2015, (АМИТ «Ховар»).-Чанде қабл луғати такмилшудаи фарҳангнигори маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, забоншинос, мутарҷим, луғатнигор Абдусалом Маманазаров бо номи «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» дар чопхонаи «ЭР-граф» бо сифати олӣ аз чоп баромад. Фарҳанги мазкур 100 000 калимаю ибора, 200 000 тарҷума, шарҳ ва тафсири вожаҳо, 8000 ҷумла ва 1000 зарбулмасалу мақолро фаро гирифта, дар натиҷаи таҷрибаи 20-солаи кори фарҳангнигории муаллиф ба миён омадааст.
Муаллиф зиёда аз 20 асари илмӣ, таърихию фарҳангиро бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ё аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст: «Ҳукумати Амрико», соли 1994, Вена, «Таърихи Амрико»-1997, Вена, «Бунёди давлатдории навин»-2002, Маскав, «Президенти мо»-2006, Маскав ва ғ.
Муаллиф солҳои 1996-1998 ба ҳайси ҳамкотиби Комиссияи муштараки Ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси Донишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Амрико, Канада, Англия, Швейтсария, Фаронса, Покистон ва Непал сафар карда, бо мактабҳои олии пешқадамтарини ин кишварҳо аз наздик шинос шудааст.
Ба назар мерасад, ки «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» мукаммалтарин луғати дузабона ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






