Фарҳанги «Чойнўшӣ»-и тоҷикон дар шаҳри Боку
Душанбе, 21.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рўзи 20 октябр дар маркази фароғатӣ-фарҳангии «Хонадон»-и шаҳри Боку бо ибтикори Вазорати фарҳангу сайёҳӣ ва Ширкати миллии таббохони Озарбойҷон намоишгоҳи байналхалқӣ таҳти унвони «Фарҳанги чойнўшии кишварҳо» баргузор гардид.
Дар маъракаи мазкур бо ибтикори сафорат «Гўшаи Тоҷикистон» дар сурати хонаи рамзии тоҷикӣ бо суфраи ороста аз дастурхони пурнеъмат ва файзбори анвои мухталифи нону ширинӣ ва дигар таомҳои гуногуни миллӣ, ки махсуси фарҳанги чойнўшӣ дар Тоҷикистон аст, инчунин либосҳо, ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбобҳои мусиқии мардумӣ бо расмиёти пазироӣ аз меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тамошобинон бо таваҷҷуҳ ба афзалияти суфраи ороста унвонии «Гўшаи Тоҷикистон», инчунин расмиёти фарҳанги чойнўшӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо ибрози назар намуда, аз барномаи меҳмоннавозӣ мутаассир гардиданд, ки он бо медал ва «Ифтихорнома»-и Ширкати миллии таббохони Озарбойҷон сарфароз гардонида шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таблиғу ташвиқи дастовардҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, намоиши симои мусбати Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати бештар ошно намудани мардумони кишвари иқомат бо таърихи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, ба вижа эҳтироми расмиёти чойнўшӣ дар кишварамон мавриди истиқбол қарор гирифта, ба тариқи сомонаҳои гуногуни фарҳангӣ, васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон инъикос гардид ва тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






