Фаронса дар Душанбе манораи 41 метра месозад

Октябрь 21, 2015 09:35

        Душанбе, 21.102015.(АМИТ «Ховар»).- Фаронса тасмим гирифтааст, ки дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» манораи назоратӣ -диспетчериро  ба маблағи тақрибан 3 миллион доллар бунёд созад. Дар робита ба ин 21 октябр палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронсаро оид ба сохтмони  манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба тасвиб расониданд. 
           Шералӣ Ганҷалзода-вазири нақлиёти Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дода, гуфт, ки  дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса аз 7 декабри соли 2001  неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Фаронса аз қисмати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва аз хизматрасонии  аэронавигатсионии КВД «Аэронавигатсия» ройгон истифода намудаанд. Бинобар ин  Фаронса  таъмири хати парвоз ва сохтмони манораи  назоратӣ-диспетчериро, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Фаронса пурра маблағгузорӣ ва амалӣ  мешавад,  ба уҳдаи худ гирифтааст. Шералӣ Ганҷалзода афзуд, ки бо мақсади сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ таҳия ва мувофиқа шуд, ки он  13 июли  соли 2005 ба имзо расид.
        Вазири нақлиёти кишвар зикр кард, ки сохтмони иншооти мазкур барои таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо аҳамияти муҳим дорад. Лоиҳаи сохтмони  ин иншоот аз ҷониби  неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса бо назардошти таклифи пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон таҳия гардида, он  ба меъёрҳои сохтмонии  кишвари мо мутобиқ ва бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон мувофиқа шудааст. 
          Баландии манораи  назоратӣ-диспетчерӣ  дар он ҷое, ки диспетчерҳо менишинанд, 36 метр ва баландии умумияш 41 метр буда, тобоварии он ба зилзилаи  9 дараҷа баробар аст. Масоҳати қитъаи замин барои сохтмони манора  15 X 15 метр буда, манора бояд дар зарфи  1 солу се моҳ сохта шавад.
        Сохтори манора ба сохтори манораҳои назоратӣ-диспетчерии   Барселонаи Испания, манораҳои  бандарҳои тобеи Ҷопон,   Непалси Британияи Кабир,  манораи телевизионӣ дар Гуанжуи Чин  ва муҷассама дар Мюнхени Олмон шабоҳат дорад. 
  Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки алҳол ҷониби Фаронса озмун оид ба интихоби ширкати пудратчӣ ва паймонкори лоиҳаро эълон намудааст. Озмун дар Фаронса тибқи лоиҳа гузаронида мешавад. Дар марҳилаи сохтмон ба ҷониби Тоҷикистон як зумра уҳдадориҳо вогузор  шудаанд. Инҳо кӯчонидани шабакаҳои муҳандисии мавҷуда,тозакунии майдончаи сохтмонӣ,  таъмини амнияти нигаҳдории иншоот, таҳвил, насб ва  ба истифода додани таҷҳизоти аэронавигатсионӣ,  таҳвил ва насб барои интиқоли неруи барқ ба манора, таҳвил ва насби мавҷгирҳои алоқавӣ барои идораи  ҳаракати ҳавоӣ ва телевизионӣ, таҳвил ва насби дастгоҳҳои телефонӣ мебошанд.
         Тибқи муқаррароти Созишнома сохтмони  манораи назоратӣ-диспетчерӣ ба зиммаи сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Фаронса -.   Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Фаронса ва ҷониби Тоҷикистон КВД «Тоҷикаэронагвитасия»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шудааст.  
      Ҳамзамон Иброҳим Ҷобиров -директори КВД «Аэронавигатсия»-и кишвар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва бехатарии парвози тайёраҳо   муосидат намуда, баъди гузаронидани озмун дар Фаронса сохтмони он оғоз мегардад. Иброҳим Ҷобиров афзуд, ки баландии манораи феълии назоратӣ-диспетчерии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 17 метрро ташкил медиҳад.
        

 

Октябрь 21, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд