Фаровонии ҳосили ангур ва полезиҳо
Душанбе, 17.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 55 232 тонна мева ва 43 958 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5758 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки то 2- юми октябри соли ҷорӣ майдони 17 478 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2037 гектар зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 213,3 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 15,6 сентнерӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ 373 719 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 67 583 тонна зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






