Фаровонии ҳосили ангур ва полезиҳо

Октябрь 10, 2015 06:27

Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 2 октябр  ба миқдори 55 ҳазору 232 тонна мева ва 43 958 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст.  Истеҳсоли  ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 758 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18 024 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки то 2 октябр майдони 17478 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2037 гектар зиёд мебошад. 
Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 213,3 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 15,6 сентнерӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ 373 ҳазору 719 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 67 ҳазору 583 тонна зиёд аст.

 

Октябрь 10, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!