Фишурдаи нашрияҳои даврӣ, ки ин ҳафта чоп шуданд

Октябрь 15, 2015 09:21

Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» аз 10-уми октябри соли равон зери сарлавҳаи «Рашт. Ҳаштод рӯз баъд аз офат» фишурдаи андешаҳои сокинони Раштонзамин оид ба вазъи зиндагии осебдидагон дар манзилҳои тозабунёди истиқоматӣ нақл шудааст. «Чаро маълумоти омории мақомоти андоз, омор ва замин бо ҳам мувофиқат намекунанд», — дар ин хусус шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (аз 13-уми октябри соли 2015) мақолаи рӯзмарраи прокурори калони Прокуратураи  генералии мамлакат Маҳмадулло Нурзодаро нашр кардааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбеи нашрияи «Ҷумҳурият» (аз 15-уми октябри соли 2015) аз баргузор шудани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 хабар чоп шуда, ҳамчунин суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалӣ таҳти сарлавҳаи «Бо кӯшиши якҷоя комёб хоҳем шуд» пешкаши хонандагон шудааст.

         «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси олӣ дар шумораи навбатӣ (аз 12-уми октябр) дар хусуси баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал чоп кардааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбе (аз 14-уми октябр) «Садои мардум» оид ба мулоқоти муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор бо котиби генералии ВКХ-и Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳарт  ва ҳамроҳони ӯ ахбори муфассал чоп шудааст.

Минбари эҷодкорони  Тоҷикистон  «Адабиёт ва санъат»  дар шумораи навбатии худ ҳикояи Абдураҳмон Расулӣ «Ду Дездемона», ҳамчунин мақолаи С. Раҳимов «Кинои тоҷик ва ҳувияти миллӣ»-ро бахшида ба рӯзи кинои тоҷик нашр кардааст.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» оид ба гузаштан ба низоми маблағгузории сарикасӣ дар соҳаи маориф назарпурсӣ анҷом дода, муҳтавои онро пешкаши хонандагон кардааст.

Дар шумораи рӯзи душанбегии ҳафтаномаи русзабони «AsiaPlus» мусоҳибаи Марат Мамадшоев — муҳаррири бахши русии сомонаи «Озодагон», ки дар Қирғизистон  фаъолият мекунад, чоп шудааст.

Рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи рӯзи чоршанбе (аз 14-уми октябр) бо сарлавҳаи «Раиси «заминфурӯш»-у пагондорҳои «порахӯр» аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузориш додааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи «Аҳмадшоҳ қаҳрамони халқи тоҷик аст!» -ро чоп карда, ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои номзади илмҳои кишоварзӣ Ф.Абдувосиевро бо сарлавҳаи «Пахта «тиллои сафед» нест» пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи  «Тоҷикистон»  суҳбати хабарнигор Одили Нозирро бо шоири шинохтаи тоҷик Муъмин Қаноат таҳти номи «Айтматов пантуркист буд» чоп кардааст.

Нашрияи мустақили ҷамъиятӣ-сиёсии  «Миллат» оид ба 90- солагии нашриёти «Ирфон» мақолаи Тоҷинисои Азизро чоп намуда, ҳамчунин  дар сӯгвории марги табиби шинохтаи тоҷик Саъдинисо Ҳакимова  бар асоси  фаъолияти ӯ ёднома нашр кардааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» андешаҳои Умари Тоҳирро оид ба исломи сиёсӣ, фаъолияти ҲНИТ ва дигар омилҳои мавҷуда нашр кардааст.

СССР дар шумораи навбатии худ бо сарлавҳаи «Муллоҳо кӯрнамаканд!» андешаҳои сокини Қурғонтеппа Комрони Далерро чоп кардааст. Дар ҳафтанома оид ба командарми сурх – Якир мақолаи ёддоштӣ нашр шудааст.

 

 

Октябрь 15, 2015 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид