Г. Маҳкамова: Соҳибкорзан будан кори осон нест

Октябрь 12, 2015 09:42

Душанбе, 12.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- «Соҳибкорзан будан дар ягон гушаи дунё осон нест, хоҳ он Амрико бошад, хоҳ Фаронса ва хоҳ Тоҷикистон, зеро пеш аз ҳама зан- ин нигоҳдорандаи чароғи хонадон, ғамхору тарбиятгари фарзандон буда, дар баробари ин ба соҳибкорӣ машғул мешавад»,- мегӯяд директори генералии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова. 
Бино ба ақидаи Гулбаҳор имрӯз занони соҳибкор баробар бо мардон фаъолият карда, вазъи иқтисодии оилаашонро таъмин мекунанд. Соҳибкории хурду миёна ин як навъ фаъолиятест, ки имкон медиҳад, то занон вақти худро бо хости худ  истифода  намоянду ҳам ба кори хона машғул шаванд ва ҳам ба соҳибкорӣ. 
 «Аз ҳамин сабаб соҳаи соҳибкорӣ барои занон бисёр мувофиқ аст, барои ин фақат аз болои худ кор кардан,  ба ин муҳит ворид шудан ва  ҷасорат лозим асту тамом»,-мегӯяд мусоҳиб.  
Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон  қариб 20 сол аст, ки фаъолият дорад.  Он дар соҳаи ҳунармандӣ таҷрибаи калон дошта, бо занони ҳунарманди Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. «Мо занҳои Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо кумаки иттилоотӣ, касбию молиявӣ мерсонем.  Бо  занҳое, ки нақшаву нияти ба соҳибкорӣ машғул шудан доранд, мо курсҳои махсус гузаронида,  аз ҷониби бонки «Имон интернейшнл» дастгирии молиявӣ  расонида, фаъолияти онҳоро як сол назорат  мекунем. Ташкилоти мо занони ҳунармандро дастгирӣ мекунад, мо на танҳо тарҳу сифати  молҳои онҳоро беҳтар мекунем, инчунин барои баровардани молҳояшон ба хориҷи кишвар ва иштирок дар бозорҳои байналмилалӣ кумак мерасонем. Мо  фермерзанонро низ дастгирӣ мекунем, бештари занҳоро мо ба соҳаи дӯзандагӣ ҷалб намудаем. Ташкилоти мо дар байни занон табодули таҷриба   мегузаронад», -афзуд Г.Маҳкамова. Ба гуфтаи мусоҳиби  мо ба наздикӣ ҳунармандони вилояти Хатлон ба  вилояти Суғд сафар намуда, бо ҳунари дугонаҳояшон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, аз онҳо таҷрибаи корӣ  омӯхтанд. Ду моҳ пештар соҳибкорзанони Суғд дар Хатлон меҳмон шуданд. Чунин навъи мубодила имкон медиҳад, то соҳибкорзанон таҷрибаашонро ғанӣ гардонанд ва ҳамкориро байни соҳибкорзанони ҷумҳурӣ хубтар ба роҳ монанд. 
Дар мавриди сифати маҳсулот Гулбаҳор баён дошт, ки бояд болои сифати маҳсулот кор кард. «Сифати маҳсулотро бояд беҳтар намоем. Сифат,  ҳаҷм ва нархгузорӣ- се нишондиҳадаи асосиест, ки ба соҳибкорӣ таъсири бевосита мерсонанд. Мо ба занон беҳтар намудани сифати маҳсулот ва талаботи асосии харидоронро меомӯзонем. Масалан,  агар маҳсулот барои баровардан ба хориҷа таъйин гашта бошад,  ранг, тарзу услуб ва сифат ба назар гирифта мешавад. Мо ба занони соҳибкор тамоми  ин нозукиҳоро меомӯзонем»,-илова намуд Г. Маҳкамова.
Хотиррасон мекунем, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.

Октябрь 12, 2015 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!