Генерали посдор Ҳусайн Ҳамадонӣ дар Сурия кушта шуд
Душанбе, 09.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дафтари равобити умумии сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон имрӯз бо пахши баёнияе аз шаҳодати генерали посдор Ҳусайн Ҳамадонӣ дар Сурия хабар дод.
Ба иттилои «Сипоҳнюз» дар ин баёния бо ибрози тасаллияти даргузашти яке аз фармондеҳони баландпояи эронӣ ба мардуми ин кишвар, аз ҷумла зикр шудааст: «ҲУСАЙН ҲАМАДОНӢ яке аз фармондеҳони даврони дифои муқаддас, мушовири баландпояи Сипоҳи посдорони интиқилоби исломӣ ва мудофеи Ҳарам дар тӯли солҳои гузашта, ки нақши таъйинкунандае дар ҳифзи ҳарами Ҳазрати Зайнаб ва кӯмак ватақвияти ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар ҷанги террористии Сурия дошт, бегоҳи рӯзи панҷшанбе ҳангоми анҷоми маъмуриятҳои мусташорӣ дар Ҳумаи шаҳри Ҳалаб ба дасти террористҳои ДИИШ ба ҳалокат расид.»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






