Ги Меттан: «Мо барои ҳамкории судманд тайёрем»

Октябрь 22, 2015 11:42

Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Ги Меттан, президенти Палатаи савдо ва саноати Швейтсария имрӯз, 22 октябр ба ПСС Тоҷикистон ташриф овард.  Дар ҷараёни мулоқот раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид ба Ги Меттан  ва меҳмонони швейтсариягӣ дар мавриди 55- солагии  таъсиси палата, дастовардҳо, ҳамкории байналмилалӣ  ва ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дигар палатаҳои савдои ҷаҳонӣ суҳбат орост. 
«Дар  қатори дигар соҳаҳо мо барои ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ низ мароқ зоҳир мекунем, зеро дар Тоҷикистон гиёҳҳои шифобахш зиёданд ва онро метавон ба манфиат истифода намуд. Мо инчунин дар сохтмони роҳҳо, хонаҳои баландошёна, кӯпруку ағбаҳо ҳавасмандем, зеро ин соҳа дар Тоҷикистон афзалиятнок буда, дар ин ҷо ашёи хоми мувофиқ барои сохтмон зиёд аст»,- зикр намуд раиси ПСС Тоҷикистон .   
 Ш.Саид инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон тайёр аст бозори хориҷиро бо маҳсулоти баландсифате, ки дар Тоҷикистон парвариш мешавад,  таъмин намояд.
 «Натиҷаи мулоқоти имрӯзаи мо,  барои ҳамкории иқтисодиву савдоии ҳарду ҷониб дар оянда такони наве хоҳад бахшид»,-афзуд Ш.Саид. 
Ги Меттан, президенти Палатаи савдо ва саноати Швейтсария зикр кард, ки вай дар бораи Тоҷикистон дер боз маълумот пайдо карда буд,  вале бори аввал аст, ки бо ҳайати ПСС Швейтсария  ба ин кишвар ташриф меорад. «Палатаи савдои мо ҳоло хеле ҷавон аст, он танҳо се сол дорад. Мо барои ҳамкории мутақобилан судманд тайёрем ва  ҳайати Тоҷикистонро ба кишвари худ даъват намоем. Ҳайати Тоҷикистон метавонад ҳам дар Женева ва ҳам дар Сурих Тоҷикистонро  муаррифӣ намуда, барои ҳамкории оянда  дар соҳаи  иқтисодиёт   таклифҳои мушаххас  пешниҳод намояд»,- гуфт Ги Меттан.
Дар мулоқот инчунин бо таклифу пешниҳодҳо намояндагони ҳарду палата сухан карданд. 
Дар анҷоми мулоқот байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Швейтсария Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 

 

Октябрь 22, 2015 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!