Гуфтушунид дар мавзӯи барқарорсозии хатсайри Боку — Душанбе

Октябрь 22, 2015 05:56

Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба  ҳамкории тиҷоратию  иқтисодии  миёни Озарбойҷон  ва  Тоҷикистон  Неъматулло  Ҳикматуллозода  ва  сафири  Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ  Гасанов перомуни   дар  амал татбиқ  намудани   нуктаҳои Протоколи Ш ҷаласаи Комиссияи  байниҳукуматӣ  оид ба  ҳамкории  тиҷоратии  миёни Озарбойҷону  Тоҷикистон  ва   доир  намудани ҷаласаи 1V навбатӣ табодули  афкор намуданд.
Ҷонибҳо   изҳор  доштанд, ки бо  сабабҳои  номаълум  тӯл  кашидани  масъалаи аз  нав  барқарор  намудани   хатсайри  Боку  —  Душанбе ба  рушди  муносибатҳои  дуҷониба  дар  бахшҳои тиҷорату  иқтисодиёт  ва  илму  фарҳанги  ҳар  ду  кишвар таъсири  манфӣ  мерасонад.
Зимни  мулоқот   дурнамои  як ҷо  намудани   намудани  лоиҳаҳои роҳи оҳани Боку  Тбилиси  Қарс (ватҳои наздиктарин  мавриди  истифода  қарор  додани лоиҳаи  мазкур  дар назар  аст)  ва Тоҷикистон  Афғонистон  Туркманистон муҳокима  шуд. 

Октябрь 22, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд