«Хандаи ҳусн»- фестивали либосҳои миллӣ
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ баргузории фестивали либосҳои миллӣ- «Хандаи ҳусн»-ро ба нақша гирифтааст.
Ҳадафи Фестивал баланд бардоштани мақому сифати либоси миллӣ, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсолу анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми ниёгон, густариши санъати чакандӯзӣ, алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ ва дигар арзишҳои миллӣ мебошад.
Тавре ки аз кумита ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур ва барои хоста гирифтани намунаҳои беҳтарини либосҳои миллӣ ҳайати эҷодии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 11 октябри соли равон ба ноҳияҳои тобеи кишвар сафарбар шуда, ба мутасаддиён ва тарроҳону иштироккунандагони чорабинӣ, ки ба даври ҷамъбастии фестивал роҳхат мегиранд ва барои дар сатҳи хуби фарҳангӣ баргузор намудани он тавсия ва маслиҳатҳои муфид дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






