«Хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ»- чорабинӣ дар ДМИТ
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ» чорабинӣ доир гардид. Дар он Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наҳтулло Назаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Таваккал Камолов, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино сухан гуфтанд.
Тавре ки котиби матбуотии донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки мо барои худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, онро амалӣ месозем.
Вакили мардумӣ Ҷамшед Саидов аз воқеоти рӯзҳои охир ва ҷангҳои Шарқи наздик ёдовар шуда, бо овардани омори нигаронкунанда аҳли нишастро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ даъват намуда, афзуд, ки он нафаре, ки дониши казоии диниву дунявӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғво дода намешавад. Аз рӯи маълумот 651 тоҷикистонӣ, ки аз инҳо 19 нафараш зан аст, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар мамлакатҳои даргир меҷанганд. Бинобар ин аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои дарк кардани моҳияти инсондӯстии дини ислом ва рукнҳои он китоби муқаддаси «Қуръони маҷид»-ро бо хати кириллӣ бихонанд, вақти худро беҳуда нагузаронида, аз пайи донишандӯзӣ ва забономӯзӣ шуда, дар шукуфоии кишвари азиз саҳм гузоранд ва иқдомҳои созандаро дастгирӣ кунанд.
Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров, дар мавзӯи «Оини ватандӯстӣ», дотсенти ҳамин кафедра Ғуломҷон Мирзоев, дар мавзӯи «Худшиносии шахсӣ ва худшиносии миллӣ» ва Наҳтулло Назаров сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки худшиносӣ аз шинохти зодгоҳи худ оғоз мегардад. Шинохти шахсии ҳар нафар пайомади шинохти миллиро ба миён меорад.
Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






