ХМ: мухоҷирони депортшуда дар Хатлон бо кор таъмин шуданд
Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои сардори Раёсати ХМ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев дар давоми ҳафтаи сипаригардида ба раёсат 271 шаҳрванди вилояти Хатлон муроҷиат намуд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон воридшавии 148 нафар ба Федератсияи Русия манъ буда, аз ин шумора 17 нафар занон мебошанд.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар бораи тағйироту иловаҳо дар қонунгузории ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои будубош дар давлатҳои қабул, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои давлату халқи қабулкунанда маълумот медиҳанд.
Ҳамзамон ба онҳо варақаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, маълумотнома дар бораи эмин мондан аз бемориҳои сирояткунанда тақсим шуданд.
Инчунин ба маълумоти онҳо расонида шуд, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба нафароне, ки вурудашон ба ФР манъ гардидааст, кумак мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон он муҳоҷирони меҳнатиро, ки вурудашон ба ФР манъ шудааст, дар вилоят бо ҷойи кор таъмин намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






