Хоруғ: «Мо ҷоннисору фидокори Ватан ҳастем»
Хоруғ, 9.10. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Мо ҷоннисору фидокори Ватан ҳастем»- бо чунин унвон дар қисми низомии 2848-шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони Сарраёсати қӯшунхои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи ҳарбии ВМКБ, роҳбарияти қисми низомии 2848 ва як гурӯҳ афсарону аскарони ин қисми низомӣ чорабинӣ доир гардид. Дар он бобати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарварии ҷавонон ибрози сухан гуфта шуд. Ҷамъшудагон изҳор доштанд, ки ҳар гуна амалҳои нангину ноҷавонмардонаеро, ки ба муқобили давлат равона карда мешаванд, маҳкум намуда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша чун сипар устувор ҳастанд. Хотиррасон карда шуд, ки қисми низомии сарҳадии 2848-и шаҳри Хоруғ муҳофизати беш аз 175 км хати марзи кишварро ба уҳда дорад ва яке аз қисмҳои асосӣ дар ҳимояи хати марз ба шумор меравад. Он нуҳ дидбонгоҳ ва як гузаргоҳи сарҳадии Темро дар бар гирифта, хати муҳофизатии сарҳадии он аз деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон то деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим давом дорад. Афсарону аскарони он ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар адои хизмати Модар -Ватан фидокору ҷонсупор мебошанд. Назрулло Башолов — сардори қисми низомии 2848 зикр намуд, ки аскарону афсарони ин қисми низомӣ чун ҳомии боэътимоди Ватан ҳамеша ба савганди ҳарбии худ содиқ буда, ҳар гуна амали ноҷавонмардона ва хилофи қонун, халалдоркунандаи фазои тинҷу ороми кишварро маҳкум месозанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо марзбонон барои адои қарзи фарзандӣ- ҳифзи хати сарҳади кишвар, ба 5 ҷузъу томи ҳудуди қисми низомӣ, аз ҷумла гурӯҳи мобилӣ, ротаи таъминоти моддӣ- техникӣ, ротаи комендантӣ, ротаи алоқа, взводи муҳандисию маркази таълимӣ ва дидбонгоҳҳои тобеи қисми низомӣ тақсим шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






