Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 51% расид
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҳарбии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шурӯъ аз якуми октябр дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ҷараён дорад. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Мамадалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод
Аз даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ то имрӯз алакай беш аз даҳ рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат аллакай ноҳияҳои Дарвозу Ишкошими вилояти Бадахшон, шаҳру навоҳии Истиқлолу Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилоти Суғд , ноҳияҳои Носири Хусрав, Сарбанд ва Балҷувони вилояти Хатлон иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Дар давоми беш аз 10 рӯзи ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ, иҷрои нақша дар вилояти Суғд 56%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 36% , дар гарнизони Бадахшон, 69%, шаҳру навоҳии пойтахт 33%, дар вилояти Хатлон ба 60 % баробар мебошад. Бояд гуфт, ки аз оғоз то ба имрӯз иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 51% баробар гаштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






