ИДМ-майдони муҳими муколамаҳои сиёсӣ
Душанбе, 30.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ИДМ-ро майдони муҳим барои муколамаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар самти таъмини рушди устувор ва пойдории муносибатҳои кишварҳои узви ИДМ ном бурд.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон ба амалишавии «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ», барномаҳои байнидавлатии ҳамкории инноватсионие, ки ба нишондиҳандаҳои мақсадноки макроиқтисодии рушди иқтисодӣ асос ёфтаанд, фаъолияти шӯроҳои соҳавии байнидавлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
«Дар айни замон мо баррасии масъалаҳои вобаста ба иҷрои Созишномаи эътирофи дуҷонибаи имтиёз ва кафолат барои иштирокчиён ва маъюбони ҶДҶ, дурнамои афзоиши кумаки тиббӣ-иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии иштирокчиёни ҷангро муҳим мешуморем»,-иброз дошт Сарвазири кишвар.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






