Ифротгароӣ — вабои аср
Душанбе, 9.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Имрӯз яке аз падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, ифротгароӣ мебошад»,- иброз дошт сармутахассиси Созмони ҷавонони ДМТ Шаҳбоз Гулов зимни конфронси илмӣ- мубоҳисавӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Ифротгароӣ ва паёмадҳои манфии он ба ҷомеа» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт Нуралӣ Собиров, сармутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия Абдунаҷиб Хоҷаев, сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилноза Аҳмадзода, сармутахассиси созмони ҷавонони ДМТ Шаҳбоз Гулов ва донишҷӯён аз факултаҳои гуногуни донишгоҳ сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки: «Ифротгароӣ-ин зуҳуроти вазнини иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноятиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ ба рушди чамъиятии кишварҳои гуногун халал ворид месозад».
Мақсади чорабинӣ пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб ва ин вабои аср буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ пайваста чунин чорабиниҳоро миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






