Ифтитоҳи биноҳои дуошёнаи истиқоматӣ барои афсарон дар ноҳияи Ғончӣ
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар фазои тантанавӣ ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 тақдим намуд.
Биноҳои истиқоматии дуошёна, ки бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 аз ҷониби шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.
Фармоишгар — Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии “Каскад Хуҷанд” мебошад, ки корхои сохтмониро ҷавобгу ба талаботи замони муосир ба анҷом расонидааст.
Биноҳои истиқоматӣ бо маблағи 9,6 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудаанд.
Дар ин ҷо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ, ки дар хифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро супорид ва афсаронро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуд.
Ба хотири таъмини шароити хуби зист баъди бунёди бино манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд.
Ҳамзамон дар қисми поёнии биноҳо толори варзишӣ бо лавозимоти зарурӣ, хонаи шустушӯи либос, мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзмарра ҷойгир карда шудааст.
Дар баробари ин барои беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣқитъаи замин ҷудо карда шуда, чоҳи амудии нав ва хавзи захирави ба истифода супорида шуд. Бинокорон аз 1,5 километр хатти оби нӯшокӣ кашидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






