Ифтитоҳи Биржаи фондӣ ва аз андоз озод шудани саҳмияҳо ба муддати 5 сол
Душанбе, 12.10.2015 (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар арафаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки дар маросими кушодашавии он муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иштирок ва суханронӣ намуд.
Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо харҷи 35 миллион сомонӣ таъсис дода шуда, дар он саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои маъруфи хориҷӣ харидуфурӯш мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ҷалби ширкатҳои хориҷӣ харидуфурӯши саҳмияҳоро ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз озод кард.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд ба воситаи ин биржа саҳмияҳои брендҳои ҷаҳонии «Газпром», «Сбербанк», «Катарпилар» ва «Барклайс»-ро харидорӣ кунанд.
Директори генералии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон Азамат Қосимов таъин шудааст. Ҳоло ширкатҳои маъруфи хориҷӣ ба номнавис шудан дар ин биржа машғул буда, пас аз анҷом ёфтани ин раванд, аксияҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ба хариду фурӯш гузошта мешаванд. Бояд гуфт ин иқдоми навбатии Ҳукумати мамлакат барои рушди бозори қоғазҳои қиматбаҳо қадами ҷиддӣ ва устувор мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






