Ифтитоҳи хатсайри нав аз «Сомон Эйр»
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи хатсайри навро аз Душанбе ба Бишкек эълон менамояд. «Сомон Эйр» аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае 2 маротиба, рўзҳои ҷумъа ва якшанбе парвоз хоҳад намуд, Хатсайрҳо дар самти бозпас шаби шанбе ва душанбе амалӣ мегарданд. Ифтитоҳи хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистон, инчунин ба сокинони Қирғизистон имкон медиҳад, ки парвозҳои худро ба ҳар ду ҷониб беҳтар созанд.
Вақти парвоз аз Душанбе рўзҳои ҷумъа соати 21:00, рўзҳои якшанбе соати 21:30 бо вақти маҳаллӣ ба назар гирифта шудааст. Вақти парвоз 1 соату 20 дақиқаро дар бар мегирад. Парвози аввалин аз рўйи самти нав 30 октябр иҷро хоҳад шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, арзиши чипта дар як самт аз 545 сомонӣ боло ва рафту омад аз 760 сомонӣ боло мебошад. Боҷ ва андоз ба арзиши чипта дохил намешавад. Ҳамаи хатсайрҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737 амалӣ мегарданд.
Илова бар ин, дар мавсими мазкур ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофирони худро бо зиёд кардани самти парвоз ба чанд самт шод хоҳад кард. Душанбе-Дубай-Душанбе — то се хатсайр дар як ҳафта, Душанбе-Алмаато-Душанбе — то се хатсайр дар як ҳафта. Ҳамчунин самти парвозҳо ба Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе (то се хатсайр дар як ҳафта) ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд (то ду хатсайр дар як ҳафта) зиёд карда шудааст.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






