Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунии «Рукнобод» дар шаҳри Панҷакент
Душанбе, 18..10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.
Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед», воқеъ дар деҳоти “Рукнобод” оғози расмӣ бахшид.
Корхонаи маъдантозакунии Рукнобод аз тарафи ширкати чинии «Броадтек» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион долари ИМА) сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.
Дар корхонаи нав дар маҷмуъ 220 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Сокинони шаҳр баъд аз гузаштан аз курси махсуси бозомӯзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Технологияи навтарини корхонаи «Броадтек-Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 300 тонна хока коркард ё шуста шавад.
Алҳол корҳои омодагӣ ва мувофиқгардонӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани навбати дуюми корхона, ки маҳсулоти ниҳоии он металҳо аз мис ва қалъагӣ мебошад, идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо бо фаъолияти мутахассисон, ҷараёни истеҳсолот, технологияи нави воридшуда ва шароити корӣ бевосита шинос шуд.
Ин корхона дар наздикии кони «Мушистон», воқеъ дар қаторкуҳҳои Зарафшон бунёд карда шудааст ва аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир аст.
Соҳибкорони чинӣ нақша доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ намуда, дар заминаи ҳамин кон боз якчанд корхонаҳои саноатии дигарро низ бунёд намоянд.
Зимни мулоқот бо коргарони корхонаи нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти шароити зисти сокинони шаҳр андешаронӣ карда, коргаронро ба фаъолияти пурсамар ва иҷрои софдилонаи корҳо ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона супориш дод, ки ба сифати корҳо, сари вақт супоридани андозҳо ва таъмини кормандон бо маоши хуб аҳамияти махсус диҳанд.
Аз рӯйи супориши Сарвари давлат бояд беш аз 90% кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳалӣ ба кор ҷалб карда шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






